Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҷараёни корҳои ободониву созандагиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Раиси вилоят нахуст аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корвон парранда” боздид ба амал овард. Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки бо ворид ва насби таҷҳизоти муосир дар корхона истеҳсоли чӯҷа ба роҳ монда хоҳад шуд.
Дар деҳаи Тоҷикобод сохтмони кӯдакистон ба роҳ монда шудааст. Тавре иттилоъ дода шуд, бинои дуошёна барои қабули то 200 нафар тарбиятгирандагон пешбинӣ гардида, дорои утоқҳои таълимӣ ва фароғатӣ хоҳад буд.
Сипас, роҳбари вилоят ба мумфаршкунии кӯчаи ба номи Отабобо Тошматов дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз оғози расмӣ бахшид. Дарозии умумии роҳи асфалташаванда зиёда аз 1 километр буда, корҳои роҳсозӣ аз ҷониби ҶДММ “Суғдроҳсоз” бо сифати баланд анҷом дода мешаванд.
Дар идома Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони бинои нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия шинос шуд. Бино бо саҳми соҳибкорон ва аъзои ҳизб бунёд ёфта, қисми зиёди корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтааст.
Дар деҳоти Деҳмой Раиси вилоят бо фаъолияти ҶДММ “Хайри сафо” шинос шуд. Гармхонаи нав дар масоҳати як гектар бунёд гардида, дар он карами серҳосил кишт мегардад. Ҳамзамон хоҷагии моҳипарварӣ бо 74 ҳавзи хурду калон таъсис ёфта, соли гузашта зиёда аз 1 миллион сар моҳӣ истеҳсол намудааст.
Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилояти Суғд чанде аз собиқадорони меҳнатро аёдат намуда, ба собиқадорон туҳфаҳо супорид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь