Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ин ноҳия бо ҷараёни татбиқи ҳадафҳои созанда, бунёди корхонаҳои нав фаъолияти гармхона ва хоҷагиҳои моҳипарварӣ шинос шуд.
“Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Анқо-инвест” имконият фароҳам оварда шудааст, ки то 150 ҳазор сар парранда парвариш карда шавад. Ҳамзамон, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корвон парранда” истеҳсоли чӯҷа ба роҳ монда шудааст, ки иқтидори солонаи он то 3 миллион сарро ташкил медиҳад. Масъулин таъкид намуданд, ки дар оянда иқтидор ду баробар афзоиш меёбад. Айни ҳол дар ноҳия 6 корхонаи паррандапарварӣ фаъолият дошта, бо ба истифода додани иқтидорҳои нав ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ва тухм боз ҳам зиёд хоҳад шуд” – хабар медиҳад маркази матбуотии Раиси вилояти Суғд.
Дар деҳоти Деҳмой роҳбари вилоят фаъолияти ҶДММ “Хайри сафо”-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Дар инҷо дар масоҳати як гектар гармхона бунёд гардида, рӯзҳои наздик дар гармхона кишти бодиринг ба роҳ монда мешавад.
Инчунин, дар ҳамин мавзеъ хоҷагии моҳипарварӣ бо 74 ҳавзи хурду калон таъсис ёфтааст, ки соли гузашта зиёда аз 1 миллион моҳӣ истеҳсол намудааст. Масъулин нақша доранд, ки бо парвариши 500 ҳазор сар гулмоҳӣ ва бунёди инфрасохтори зарурӣ ба рушди соҳаи сайёҳӣ низ мусоидат намоянд.
Раиси вилоят сипас бо корҳои сохтмони бинои нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ шинос шуд. Бинои нав аз се ошёна иборат аст ва барои фаъолияти кормандон шароити зарурӣ муҳайё карда мешавад. Ҳамчунин, бо саҳми соҳибкорону сокинон дар деҳоти Ғулакандоз бунёди бинои нави муассисаи таълимӣ барои 740 хонанда оғоз ёфтааст. Раиси вилоят аснои шиносоӣ таъкид кард, ки дар ҳар деҳае, ки зиёда аз 100 оила сукунат дорад, бояд кӯдакистонҳои нав бунёд шаванд.

Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Блоки рекламавӣ