Дар идомаи корҳои ниҳолшинонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар мамлакат то соли 2040 беш аз 2 миллиард бех ниҳоли дарахтони гуногуни ҳамешасабзу ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуда, Тоҷикистон ба «кишвари сабз» табдил дода мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ҳадафи саҳм гузоштан дар татбиқи Барномаҳои давлатӣ корҳои сабзухуррамгардонӣ идома дорад. Дарахтони ҳамешасабзи бисёрсола дар асоси тавсияи мутахассисони соҳа дар мавзеъҳои мутобиқ ва бо риояи корҳои агротехникӣ шинонида мешавад. Ба назари мутахасисон ҳангоми шинонидани чунин дарахтон пеш аз ҳама риояи қоидаҳои агротехникӣ, интихоби мавзеъ муҳим аст.
Зимни суҳбат ва назорати раванди корҳои ободонӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода муҳим шуморид, ки дар мвзеъҳои пешбинишудаи маркази вилояти Суғд дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонда шавад. Дар баробари зебову назаррабо шудани кӯчаҳои шаҳр дарахтони шинонидашуда ба тозагии ҳаво таъсир мерасонад.

Раҷаб Аҳмадзода дар маъракаи ниҳолшинонӣ
Блоки рекламавӣ


