10 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ҳоли Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев хабар гирифт.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аснои суҳбат ҳунарманди мумтозро ба муносибати зодрӯзаш табрик намуд.
Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев 10 феврали соли 1941 ба дунё омада, соли равон 85 сола шуд. Мавсуф фаъолияти худро дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба ҳайси солист-овозхон шурӯъ карда, бо меҳнати худ ба қуллаҳои баланди санъат расид.
Хизматҳои арзандаи ӯ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо унвони баланди Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва як қатор ҷоизаву ифтихорномаҳо қадршиносӣ шудааст.
Ҷӯрабек Набиев дар сароидани сурудҳои классикӣ ва халқӣ, маҳорати баланд дошта, сурудаҳои ӯ дар хазинаи тиллоии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, Идораи телевизион ва радиои вилоят маҳфузанд ва имрӯз ҳам шунавандагону мухлисони бешумор доранд.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ба ҳофизи мардумӣ тандурустӣ ва саодати рӯзгоррро орзу карда, қайд намуд, ки хизматҳои мондагори аҳли ҳунару фарҳанг, илму маориф ва дигар соҳаҳо ҳамеша аз ҷониби давлат қадр карда мешавад.

Раҷаб Аҳмадзода дар манзили Ҷӯрабек Набиев
Блоки рекламавӣ


