Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти корхонаи сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаксин Ғаюр — Суғдсемент» аз наздик шинос гардид.
Зикр гардид, ки корхонаи мазкур яке аз бузургтарин иншооти саноатӣ дар вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, дар рушди иқтисоди минтақа, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ саҳми назаррас мегузорад.
Иқтидори лоиҳавии корхона дар як шабонарӯз 3300 тонна ва дар як сол зиёда аз 1 миллион тонна семент мебошад. Корхонаи «Хуаксин Ғаюр — Суғдсемент» бо истифода аз технологияи муосири ҷаҳонӣ бунёд гардидааст.
Дар корхона навъҳои гуногуни семент — 400, 500 ва 600 истеҳсол гардида, маҳсулот ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир маҳсуб меёбад.
Айни замон дар ин корхона шумораи зиёди мутахассисону коргарон ба шуғл фаро гирифта шудаанд. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди кору зист барои кормандон дар назди корхона хобгоҳи муосир ва ошхона бунёд карда шудааст.
Маҳсулоти корхона аз ҷумлаи маҳсулоти воридотивазкунанда буда, баробари қонеъ намудани талаботи бозори дохилӣ, инчунин ба хориҷи кишвар содирот мегардад.
Зимни мулоқот бо роҳбарияти корхона Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода саҳми «Хуаксин Ғаюр — Суғдсемент»-ро дар афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ назаррас арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки захираҳои ашёи хом барои фаъолияти мунтазами корхона дар солҳои минбаъда кофӣ мебошанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки масъулони ширкат дар соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли сементро ба маблағи беш аз 750 миллион сомонӣ мерасонанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь