Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатӣ шинос гардид.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ситораи тоҷ» дӯхти либосҳои махсуси корӣ ба роҳ монда шуда, маҳсулоти корхона ба хориҷи кишвар содирот мегардад. Дар ин корхона беш аз 1000 нафар бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин буда, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъсиси боз 500 ҷойи нави корӣ дар назар аст. Соли 2024 корхона ба маблағи беш аз 10 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, имсол ният дорад ҳаҷми истеҳсолотро боз ҳам зиёд намояд.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лидер» бошад, мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ шимҳои ҷинс бо бренди «Ҷадид» истеҳсол карда мешаванд, ки 99 фоизи таркиби он аз пахта иборат аст. Дар корхона 80 нафар занону духтарон бо истифода аз дастгоҳҳои муосир фаъолият доранд.
Фаъолияти назарраси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Раҳимов» низ зикр гардид. Корхона дар истеҳсоли либосҳои варзишӣ, аз ҷумла кимано, муваффақ буда, солона то 200 ҳазор адад маҳсулот истеҳсол мекунад. Маҳсулот аз пахтаи табиӣ таҳия гардида, асосан барои содирот пешбинӣ шудааст.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фирӯз» низ навъҳои гуногуни либосҳои варзишӣ истеҳсол гардида, соли 2024 зиёда аз 30 ҳазор адад маҳсулот тайёр шудааст. Маҳсулоти корхона ба кишварҳои хориҷ, аз ҷумла Руссия, Лаҳистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон содирот мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь