Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои созандагиву бунёдкорӣ идома дошта, иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ ба истифода дода мешаванд.
Тибқи нақша дар шаҳри Конибодом 714 иншооти таъиноташон гуногун мавриди истифода қарор мегирад. То имрӯз 592 иншоот ифтитоҳ гардида, дар иншооти боқимонда корҳои навсозиву бунёдкорӣ бо саҳми мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорону сокинон бо маром идома доранд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи хонандагон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар деҳаи Ҷаҳонзеби Ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳр толори варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41 сохта мешавад. Сохтмони толор соли 2020 оғоз гардида, бо дастгирии соҳибкорони саховатманд идома дорад. Қарор аст то ҷашни 35-солагии Истиқлол ба истифода дода шавад. Айни замон муассиса, ки дорои 310 хонанда мебошад, ба соли нави таҳсил пурра омода гардидааст.
Зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, ки омӯзгорону хонандагон ҳар порчаи замини дар ихтиёрдоштаро самаранок истифода бурда, боғҳои мевадор бунёд намудаанд. Дар байни қаторҳо бошад, сабзавот кишт мекунанд, ки барои таъмини ошхонаи мактаб дар фасли тирамоҳу зимистон истифода мешавад.
Дар баробари ин, дар шаҳри Конибодом дар назди муассисаи таҳсилоти хусусии ба номи Очил Ҷӯраев бинои иловагӣ бо 8 синфхона, хонаи омӯзгорон ва утоқҳои корӣ бунёд шудааст.
Дар муассисаи мазкур ҳоло 1200 хонанда аз шаҳрҳои Конибодом, Бӯстон, Хуҷанд ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Мастчоҳ таҳсил мекунанд. Таълим бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, 5 омӯзгори хориҷӣ низ даъват гардидаанд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити беҳтари зист барои хонандагону омӯзгорон, масъулин тасмим доранд бинои сеошёнаи хобгоҳ бунёд намоянд.
Раиси вилоят иқдоми муассисонро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь