Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо ҷараёни корҳои созандагӣ дар ҶСК «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон» шинос гардид.
Зикр гардид, ки корхонаи муҳими саноатӣ аз соли 2013 инҷониб фаъолият надошт.
Зимни муаррифии лоиҳаҳо таъкид шуд, ки таҷҳизоти муосири соҳаи саноати кӯҳӣ аз Ҷумҳурии мардумии Чин, ки аз беҳтаринҳо дар соҳа маҳсуб меёбанд, ворид карда шудаанд. Дар марҳилаи кунунӣ барои сохтмони ин иншооти саноатӣ 369 нафар ба кор ҷалб гардидаанд ва мутахассисони ватаниву хориҷӣ корҳои асосии сохтмониро анҷом медиҳанд.
Пас аз ба истифода додани корхонаи муштарак зиёда аз 500 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.
Баъди ба фаъолият оғоз намудани “Комбинати металлургии Адрасмон” ашёи хоми саноатӣ дар ҳамин ҷо то марҳилаи ниҳоии коркард ва маҳсулот истеҳсол мешавад.
Коркарди ниҳоии металлҳои ранга имкон медиҳад маҳсулоти рақобатпазири ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол карда шавад.
Дар идомаи боздид мулоқоти Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо роҳбарияти комбинат баргузор гардид.
Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент як қатор корхонаҳои бузурги саноати кӯҳӣ фаъолият дошта, дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзанда мегузоранд. “Комбинати металлургии Адрасмон” низ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди навсозӣ ва насби таҷҳизоти муосир аз нав ба фаъолият оғоз хоҳад кард.
Дар ҷараёни мулоқот инчунин масъалаҳои саҳмгузорӣ дар рушди минтақа, аз ҷумла бунёди иншооти иҷтимоӣ ва навсозии роҳҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулин дастурҳои мушаххас дода шуданд.

Раҷаб Аҳмадзода дар «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон»
Блоки рекламавӣ


