Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ аз вазъи боғпарварӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати ҳифзи дарахтони мевадиҳанда аз сардиҳои эҳтимолӣ ба Муассисаи давлатии Боғи миллии «Ваҳдат» рафт.
Дар натиҷаи гарм омадани ҳаво дар моҳи феврал аксари дарахтони мевадиҳанда дар боғҳои вилоят бармаҳал гул кардаанд. Аз ин рӯ, эҳтимоли таъсири сардиҳои ногаҳонӣ ба гулҳои дарахтон ба миён омад.
Супориш дода шуд, ки дар ҳолати паст шудани ҳарорати ҳаво дар боғҳо усули дудмонӣ васеъ истифода гардад. Ин усул имкон медиҳад, ки ҳарорати ҳаво дар гирди дарахтон то андозае баланд нигоҳ дошта шуда, гулҳои дарахтон аз сармозанӣ ҳифз шаванд.
Истифодаи усули обпошӣ дар боғҳо, нигоҳ доштани намнокии хок, омода намудани маводи зарурӣ барои муҳофизати дарахтон ва назорати доимии вазъи боғҳо аз ҷумлаи тадбирҳое ҳастанд, ки метавонанд барои пешгирии сармозании дарахтони гулкарда таъсир расонанд.

Раҷаб Аҳмадзода дар боғи миллии “Ваҳдат”
Блоки рекламавӣ


