Вусъати бунёдкориҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд.
Рӯзи чоруми сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар идомаи сафари корӣ ба ноҳия иншооти навро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо ҷараёни корҳои сохтмонии якчанд иншооти иҷтимоӣ шинос гардид.
Аз ҷониби соҳибкор Кишвар Бобоназаров дар маркази ноҳия маркази тафреҳӣ барои кӯдакон бунёд ва ба истифода супорида шуд. Маркази мазкур аз ду ошёна иборат буда, дорои тамоми шароит барои истироҳату фароғати кӯдакон мебошад.
Зимни ифтитоҳи марказ Раиси вилоят ба кӯдакон туҳфаҳо тақдим намуда, ташаббуси соҳибкорро намунаи ибрат барои дигар шахсони саховатманд арзёбӣ кард.
Дар Ҷамоати деҳоти Дӯстӣ бо ташаббуси соҳибкор Муродалиева Уғулой бинои қаблан бекорхобида ва садамавӣ мавриди таҷдиду навсозӣ қарор гирифта, он ба кӯдакистони муосир табдил дода мешавад. Пас аз ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ муассиса имкони қабули то 160 кӯдакро хоҳад дошт.
Раиси вилоят зимни боздид аз иншоот ба масъулин супориш дод, ки тадбирҳо барои бунёди ҳарчи бештари кӯдакистонҳои замонавӣ дар ноҳия тақвият дода шаванд.
Ҳамзамон, дар Ҷамоати деҳоти Ориён бо ташаббуси соҳибкор Қаҳрамон Ҳамроқулов сохтмони тарабхонаи муосир идома дошта, лоиҳаи он ба таври замонавӣ ва бо услуби ҷолиб таҳия шудааст. Иншоот сеошёна буда, қисми зиёди корҳои сохтмонӣ аллакай ба анҷом расидаанд.
Бо саҳми соҳибкорон дар ҳамин ҷамоат бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ пас аз таъмири пурра бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Шуъбаи мазкур ба сокинони се ҷамоат хизмат мерасонад ва бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин шудааст.
Рӯзи 4 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар идомаи сафари корӣ ба ноҳия иншооти навро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо ҷараёни корҳои сохтмонии якчанд иншооти иҷтимоӣ шинос гардид.
Аз ҷониби соҳибкор Кишвар Бобоназаров дар маркази ноҳия маркази тафреҳӣ барои кӯдакон бунёд ва ба истифода супорида шуд. Маркази мазкур аз ду ошёна иборат буда, дорои тамоми шароит барои истироҳату фароғати кӯдакон мебошад.
Зимни ифтитоҳи марказ Раиси вилоят ба кӯдакон туҳфаҳо тақдим намуда, ташаббуси соҳибкорро намунаи ибрат барои дигар шахсони саховатманд арзёбӣ кард.
Дар Ҷамоати деҳоти Дӯстӣ бо ташаббуси соҳибкор Муродалиева Уғулой бинои қаблан бекорхобида ва садамавӣ мавриди таҷдиду навсозӣ қарор гирифта, он ба кӯдакистони муосир табдил дода мешавад. Пас аз ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ муассиса имкони қабули то 160 кӯдакро хоҳад дошт.
Раиси вилоят зимни боздид аз иншоот ба масъулин супориш дод, ки тадбирҳо барои бунёди ҳарчи бештари кӯдакистонҳои замонавӣ дар ноҳия тақвият дода шаванд.
Ҳамзамон, дар Ҷамоати деҳоти Ориён бо ташаббуси соҳибкор Қаҳрамон Ҳамроқулов сохтмони тарабхонаи муосир идома дошта, лоиҳаи он ба таври замонавӣ ва бо услуби ҷолиб таҳия шудааст. Иншоот сеошёна буда, қисми зиёди корҳои сохтмонӣ аллакай ба анҷом расидаанд.
Бо саҳми соҳибкорон дар ҳамин ҷамоат бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ пас аз таъмири пурра бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Шуъбаи мазкур ба сокинони се ҷамоат хизмат мерасонад ва бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин шудааст.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь