28 августи соли ҷорӣ зимни сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои созандагиву ободонӣ аз наздик шинос шуд.
Нахуст, дар деҳаи Такфон роҳбари вилоят аз раванди таҷдиду навсозии бунгоҳи тиббӣ, кӯдакистон барои 80 нафар ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 боздид ба амал овард. Ба иттилои масъулин, ин се иншооти муҳим бо дастгирии ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб» мавриди навсозии куллӣ қарор доранд. Бинои бунгоҳи тиббӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 21 кати бистарӣ хоҳад шуд. Кӯдакистон барои 80 нафар кӯдак ва мактаб барои 500 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, то имрӯз бештари корҳои сохтмонӣ дар онҳо ба анҷом расидааст. Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав имкони фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ ва муҳайё намудани шароити арзандаи таълимӣ ва тиббиро барои аҳолии зиёда аз 4000 нафари деҳа таъмин месозад. Раиси вилоят пас аз шиносоӣ ба масъулон супориш дод, ки корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонида шаванд.
Ҳамчунин дар деҳаи Ғаберуди ҷамоати деҳоти Анзоб, ки дар баландии 2200 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст, бо дастгирии Корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико «Анзоб» бинои замонавии таълимӣ бунёд шудааст. Иншооти мазкур мутобиқ ба талаботи замони муосир ва бо такя ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шуда, аз таҳхона ва ду ошёна иборат мебошад. Зимни боздид аз мактаб ва мулоқот бо сокинон, Раиси вилояти Суғд омӯзгоронро барои таълиму тарбияи шоистаи насли наврас ҳидоят намуд.
Дар идомаи ин иқдомҳои созанда, бо маблағгузории КФ «Шахтаи Фон-Яғноб» дар деҳаи Зарафшон-2 бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 сохта шудааст. Мактаб бо тарҳи муосир бунёд гардида, барои таълиму тарбияи 400 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон дар паҳлуи он сохтмони толори замонавии варзишӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Иншооти мазкур бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия бунёд шуда, ба рушди соҳаи маориф дар минтақа такони ҷиддӣ мебахшад.
Айни ҳол дар ноҳияи Айнӣ 68 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 12 кӯдакистон фаъолият доранд, ки дар онҳо беш аз 18 ҳазор хонанда ва қариб 1000 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол шумораи муассисаҳои таълимӣ дар ноҳия меафзояд.
Зимнан, ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бунёду ба истифода додани 595 иншооти гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 525 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки 88,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки ноҳияи Айнӣ дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бо таваҷҷуҳу ғамхориҳои хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз минтақаҳои ободу рушдёфтаи мамлакат табдил ёфтааст.

Раҷаб Аҳмадзода дар Айнӣ
Блоки рекламавӣ


