Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ идома дорад.
Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки корҳо бояд бо сифати баланд ба анҷом расонида шавад.
Боғи мазкур дар маҳаллаҳои 6 ва 7-уми шаҳр бунёд гардида, тибқи иттилои масъулин 50 дарсади масоҳати он кабудизор карда мешавад. Дар қисми боқимонда роҳравҳо, майдончаҳои варзишиву бозӣ, ҷойҳои нишаст ва низоми муосири чароғонкунӣ сохта хоҳанд шуд.
Татбиқи ин лоиҳа на танҳо симои шаҳрро зеботар мегардонад, балки барои истироҳату фароғати сокинон низ мусоидат хоҳад кард. Ин боғ ҳамчун як гӯшаи зебо туҳфаи арзанда ба сокинону меҳмонони шаҳр дар арафаи ҷашни миллӣ хоҳад буд.
Ҳамзамон, роҳбари вилоят бо рафти азнавсозии Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Суғдиён» (Боғи Ғалаба), сохтмони бинои беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоят, бинои Суди вилояти Суғд, чойхона, ва Қасри фарҳанг шинос шуда, барои дар муҳлатҳои муайян ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь