Ба Беморхонаи клиникии рақами 1 -и шаҳри Хуҷанд автомошинаи хизматӣ супорида шуд.
Таъкид карда шуд, ки 18 ноябри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи клиникии рақами 1 ба номи Султон Уруновро ба истифода доданд ва шароити кории кормандон боз ҳам беҳтар карда шуд. Бинои нави беморхона аз 7 ошёна иборат буда, дар масоҳати 600 метри мураббаъ бо сифати баланд ва шароити муосири хизматрасонии тиббӣ бунёд гардидааст ва дорои 7 шуъбаву 200 кати хоб мебошад. Бо баистифодадиҳии бинои нав шуъбаҳои Беморхонаи клиникии рақами 1-шаҳри Хуҷанд ба 18 ва катҳои хоб ба 660 расид, ки имконияти фарогирии беморонро бо ташхису табобат васеъ гардонид.
Беморхона бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳа, аз ҷумла томографияи рақамӣ, рентгени рақамӣ, сабти барқии дил, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, дастгоҳи ташхиси ултрасадо, таҷҳизоти муосир барои ташхис ва табобати гурда ва дигар намуди дастгоҳҳои безараргардонӣ, дастгоҳҳои озмоишии истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи олам таъмин мебошад.
Раиси вилоят барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ ба роҳбарияти беморхона супоришҳо дода, фаъолияти низоми марказонидашудаи гармидиҳиро низ мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани зимистон миқдори зарурии маводи сӯхт захира гардида, тамоми ҳуҷраҳои беморхона бо гармӣ таъмин мебошад.

Раҷаб Аҳмадзода аз беморхонаи шаҳри Хуҷанд дидан кард
Блоки рекламавӣ


