23 октябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода кооперативи истеҳсолии «Саховати Куруш», ки дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ воқеъ аст, боздид ба амал овард.
Хоҷагидорони кооператив се сол қабл дар мавзеи Заррез дар масоҳати 10 гектар боғи интенсивӣ бунёд намуда буданд. Имсол боғдорон аз ин боғ ҳосили аввалинро ҷамъоварӣ менамоянд. Ба гуфтаи мутахассисон, ҳосилнокии чунин боғҳо дар солҳои минбаъда боз ҳам зиёд мегардад.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки дар шароити кунунӣ бунёди боғҳои интенсивӣ, ки аз лиҳози ҳосилнокӣ аз боғҳои анъанавӣ бартарӣ доранд, барои рушди соҳаи боғдорӣ аҳамияти калон дорад.
Раҷаб Аҳмадзода масъулони кооперативи истеҳсолии «Саховати Куруш»-ро вазифадор кард, ки барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти хоҷагӣ, истифодаи самараноки замин ва ҳамкории зич бо мутахассисони соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь