Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба Муассиса-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Вахш рафта, аз шароиту зиндагии онҳо дидан намуд ва ба мактаббачаҳо тӯҳфаи идона ва кӯмакҳои яквақтаинаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро расонд.
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, ки тӯҳфаҳои идона аз китоб, сару либоси варзишӣ, пойафзол ва шириниҳо иборат буда, ҳамзамон барои тарбиятгирандагони ин муассиса дастархони идона ороста шуд, ки боиси боз ҳам хушҳоливу рӯҳбаландии онҳо гардид.
Дар Муассиса – интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Вахш айни замон 270 нафар кӯдаку навраси ятими кул, нимятим ва аз оилаҳои ниёзманд ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки дар он барои будубош, таҳсил ва истироҳату фароғати тарбиятгирандагони муассисаи шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.