Имрӯз раиси вилояти Хатлон – Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон аз фаъолияти корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Водии Заррин» боздид намуда, дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Қайд намуданд, ки пахтакорони ноҳияи Хуросон нақшаи дурнамои ҷамъоварии пахтаро яке аз аввалинҳо шуда 100% иҷро намуданд.
Ҳамзамон зимни мулоқот бо хоҷагидорон ва раисони ҷамоатҳо раиси вилояти Хатлон – Давлаталӣ Саид иҷрои нишондоди дурнамои истеҳсолии пахтаро бо хушнудӣ пазируфта, ин дастоварди назаррасро ба онҳо ва кулли пахтакорони ноҳия табрику муборакбод намуд.
Бояд гуфт, ки то имрӯз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Данғара, Ёвон, Вахш, Дӯстӣ ва Хуросон пурра аз иҷрои нақшаи пахта баромаданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь