Раиси Собиқи Жогорку Кенеши (парлумон) Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу 19 феврали соли 2026 дар бораи тарки сиёсат карданаш эълон кард. Сабаби чунин қарорро ӯ дар як посташ дар шабакаи иҷтимоии Facebook бад шудани саломатӣ ва хоҳиши пешгирӣ аз иштирок дар дасисаҳои сиёсӣ гуфт.
“Вақтҳои охир саломатии ман бад шуд, ман бо дору зиндагӣ мекунам. Аз ин рӯ, қарор додам, ки минбаъд аз сиёсат дур шавам”, — шарҳ дод собиқ раиси Парлумон.
Блоки рекламавӣ



