Парвиз Акрамзода, раиси шаҳри Турсунзода, рӯзи чоруми август, ҳангоми нишасти хабариаш, изҳор дошт, ки аз қазияи куштори писар аз дасти падар ба хотири шашсад сомонӣ хуб хабар дорад.
Мавсуф гуфт, бо прокурор ва сардори ШВКД-и ноҳия дар ин маврид дар якҷоягӣ корбарӣ доранд. Бинобар гуфтаи ӯ маълумотро аслан духтури оилавӣ, ки вазъи кӯдакро дида будааст, хабар додааст: “Айни замон дар мавриди он ки падар гӯё салафӣ бошад, чизе гуфтан бармаҳал аст, зеро тафтишот дар ин маврид идома дорад. Ин шахс тариқи озмун муҳосиб интихоб шуда буд, раиси маҳалла ҳам буд. Касе бовар надошт, ки ба ин ҷиноят даст мезанад. Фарзандаш душвортарбия будааст, аммо ин асос шуда наметавонад ки чунин ҷинояти нобахшиданӣ содир кунад. Айни замон маҷомот санҷиши ин ҷиноятро идома дода истодаанд”.