Абдухолиқ Холиқзода сайёҳи маҷрӯҳро аёдат намуд. Ин сайёҳ, сокини шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловск, ҳангоми саёҳат дар мавзеи Чимтарға аз баландӣ афтода, ҷароҳатҳои ҷиддӣ бардошта, пояш шикаста буд.
Баъди рух додани ҳодиса, бо супориши мақомоти маҳаллӣ гурӯҳи зудамали наҷотдиҳӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, ӯро ба беморхона интиқол доданд.
“Ҳангоми аёдат, ҳамсару писари сайёҳи рус, ки барои дидорбинии ӯ омада буданд, аз ғамхории мақомоти шаҳр, табибон ва шароити муҳайёгардида барои табобат изҳори миннатдорӣ карданд”,-иттилоъ медиҳад мақомоти шаҳри Панҷакент.
Тибқи иттилои табибон, ҳоло саломатии Телитсин Антон қаноатбахш арзёбӣ мешавад ва ҷараёни табобат таҳти назорати доимии мутахассисон қарор дорад.Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии раиси шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь