Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кадом оилае, ки арӯси забондон, яъне донандаи забони англисӣ меораду ин арӯс дар муассисаҳои таълимӣ дарс медиҳад, дар маъракаи хонадоршавияш аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ кӯмак карда мешавад. Дар ин бора раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Маҳмуд Амирзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ин иқдом ба хотири бештар ҷалб шудани донишомӯзон ба омӯзиши забони хориҷӣ, алалхусус забони англисӣ, мебошад. Қайд карда шуд, ки МИҲД-и ноҳияи мазкур барои ҷалби омӯзгорон ба соҳаи маориф аз ҳама имкониятҳо истифода мекунад.
Блоки рекламавӣ