Дар маркази ноҳияи Ҷайҳун се чароғаки раҳнамо мебошад, ки онҳо кӯҳнаву фарсуда шуданд. Мақомоти маҳаллии ин ноҳия азм доранд, ки ин чароғакҳоро нав кунанд. Дар ин бора Ализод Азизулло, раиси ноҳияи Ҷайҳун зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки воқеан чароғакҳои маркази ноҳия, ки солҳои пеш насб карда шуда шуда буданд, аз фаъолият бозмондаанд. Мо нақша дорем, дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин мӯҳлат онро нав намоем.
Баъди насби чароғакҳои нав тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар маркази ноҳия аз байн хоҳад рафт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь