Дирӯз шабона, соати даҳи шаб иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷайҳун Ализод Азизулло аз Беморхонаи марказии ноҳия, Беморхонаи рақами ду воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Қумсангир ва Беморхонаи рақами се дар Ҷамоати деҳоти “Ваҳдати миллӣ” дидан намуд.
Ӯ аз аҳволи беморон Сафарова Иноят, Гадоев Акмалиддин, Болтаев Уразалӣ, Шомаҳмадов Муҳаммад ва як қатор беморони дигар дар шӯъбаҳои эҳёгарӣ ва беморони дил дидан намуда бо онҳо аз шароити хизматрасонии табибон пурсон шуда ба беморон кӯмакҳои иҷтимоӣ кард.
Боиси қайд аст, ки зимни суҳбат раиси ноҳия барои дар рӯҳияи ватандустӣ, ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, соҳибкасб намудани онҳо, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи орому осоиштаи Ватани азизамон, аз ҳолу аҳволи беморон, шароити зиндагиашон, пурсон шуда ҳамзамон таъкид намуд, ки “ҳамеша дари утоқи кории ман барои тамоми сокинони ноҳия ҳамеша боз аст ҳар вақте лозим мешуморед муроҷиат кунед”.

Раиси нави Ҷайҳун корашо аз аёдати беморон оғоз кард
Блоки рекламавӣ


