Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ ба шаҳри Панҷакент омадааст, хабар доданд аз Маркази матбуоти ҳукумати ин шаҳр.
Мирзозода дар ҷараёни сафари корӣ аз рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ дар иншооти сохташаванда ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид кардааст.
Ӯ бо ҳамроҳии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо рафти бунёди як қатор иншоот, аз ҷумла Майдони Фирдавсӣ, беморхонаи кӯдакон шинос шуда, аз мавзее, ки барои бозори ояндаи шаҳрӣ пешбинӣ шудааст ва бинои маъмурии Кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ дидан намуда, ба масъулини шаҳрдорӣ маслиҳату машварат додааст.
Дар анҷоми машварат ба раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода нишони “Бинокори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сарварони ширкатҳои сохтмонии “СУ-3”– Абдулло Азизмуродов, “Сомон-бинокор” Баҳодур Насриддинов, “Асл” Саъдулло Иноятов, “Панҷакентсоз” Абдумаин Қодиров, “КСМ-278” Олим Саидов барои саҳми арзанда дар корҳои ободию созандагӣ ифтихорномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шудааст.