Усома ал Шаъфар, роҳбари Конфедератсияи дучархасаворони Осиё дар як садамаи нақлиётӣ дар вилояти Суғди Тоҷикистон ҳалок шуд. Ҳодиса шаби 19 ба 20-уми ноябр дар ҳудуди деҳаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух дод. Усома ал Шаъфари 50-сола аз тоҷирони сарватманд ва шаҳрванди Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳисоб меёбад.
Усома ал Шаъфар дар сари чамбари машина буд. Ду ҳамраҳи дигари вай захмӣ шудаанд. Онҳо низ шаҳрвандони Иморати Муттаҳидаи Араб себошанд.
Шоҳине, ки Ал Шаъфар бо худ дошт, дар ин ҳодиса талаф шуд. Дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳодисаро тасдиқ карда гуфтаанд, “ҳамаи маводро барои санҷиш ба Раёсати корҳои дохилӣ равон кардем”.
Усома ал Шаъфар тоҷир аз Иморати Муттаҳидаи Араб қаблан раиси Федератсияи дучархасаворони ин кишвар буд. Вай аз соли 2021 раиси Конфедератсияи велосипедронии Осиё ва ҳамзамон ноиби президенти Иттиҳодияи дучархасаворони байналмилалӣ (UCI) ҳисоб мешуд.

Раиси Конфедератсияи дучархасаворони Осиё дар Суғд ҳалок шуд
Блоки рекламавӣ


