Сайфиддин Одинаев, раиси ҷамъият ё диаспораи тоҷикон дар вилояти Перми Русия аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум ва вурудаш ба муддати 50 сол ба Русия манъ шудааст.
Хадамоти федералии амнияти Руссия ё ФСБ дар вилояти Перм аз ихроҷи “як зодаи Осиёи Марказӣ” бо гумони “содир кардани амалҳое, ки ба амнияти Руссия таҳдид мекунанд”, хабар додааст.
Ин ниҳод дар бораи шахсияти нафари ихроҷшуда иттилои бештаре надодааст.
Бархе расонаҳои русӣ, аз ҷумла рӯзномаи “Коммерсант” навиштаанд, нафари ихроҷшуда Сайфиддин Одинаев, раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Перм ва зодаи Тоҷикистон аст.
Ба навиштаи расонаҳои Руссия, Сайфиддин Одинаев соли 2014 бо иттиҳоми “роҳзанӣ” 11 моҳ ҳабс шуда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь