Сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Раҳмон Зокирзода, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ба зами пешравиҳо дар соҳаи фарҳанг то ҳол мушкилот зиёд мебошад, аз ҷумла таъмирталаб будани, клуб, қасру кох ва хонаи фарҳангӣ, китобхона, мактабҳои санъат ва дигар муассисаҳо.
Ӯ афзуд, ки аз 285 муассисаи клубӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла Левакант, Кӯшониён, Ёвон, Дӯстӣ, Балҷувон ва Ховалинг – яктоӣ, Кӯлоб, Вахш, Панҷ, Восеъ, Ҳамадонӣ ва Шамсиддин Шоҳин – дутоӣ, Ҷалолиддини Балхӣ – се адад, Фархор – чор адад ва Данғара – шаш адад биноҳо таъмирталаб мебошанд. Илова бар ин, дар ноҳияҳои Панҷ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Данғара ва Ш. Шоҳин – яктоӣ ва дар Темурмалик – ду адад бино дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Дар маҷмӯъ, 31 қасру кох ва хонаи фарҳангӣ таъмирталаб ва 6 адад садамавӣ мебошанд.
Дар идома номбурда илова кард, ки аз 492 китобхона, дар як қатор шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб, Данғара, Фархор, Темурмалик ва дигар минтақаҳо 29 китобхона таъмирталаб буда, дар ноҳияи Ш. Шоҳин 1 адад китобхона дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
Аз шумораи умумии мактабҳои санъат, 3 мактаб дар ноҳияҳои Вахш, Қубодиён ва Темурмалик таъмирталаб буда, мактабҳои санъати бачагонаи шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Ҷайҳун бинои алоҳида надошта, дар биноҳои дигар ташкилотҳо ҷойгир шудаанд,-афзуд ӯ.
Дар маҷмӯъ, айни замон дар вилояти Хатлон 67 муассисаи фарҳангӣ таъмирталаб ва 9 адад дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Ҳамчунин, 298 муассиса дорои бинои алоҳида буда, боқимонда дар биноҳои фарҳангӣ, мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, хонаҳои шахсӣ, масҷидҳои ғайрирасмӣ ва ҳатто дар як ҳолат дар вагон ҷойгир мебошанд.
Ба гуфти сардори Раёсати фарҳанг ҳамзамон дар фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ як қатор мушкилот, аз ҷумла нарасидани асбобҳои мусиқии миллӣ ва аврупоӣ, фарсуда будани асбобҳо, камбуди омӯзгорони соҳибтахассус, норасоии китобҳои дарсӣ ва лавозимоти таълимӣ ҷой доранд.
Дар ҳудуди вилояти Хатлон айни ҳол 885 муассисаи фарҳангӣ фаъолият менамояд. Аз ҷумла, 492 китобхона, 285 муассисаи клубӣ, 3 филармонияи халқӣ, 5 театри халқӣ, 3 театри касбӣ, 35 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 18 осорхона, 29 мактаби бачагонаи санъат, 12 ансамбли тарона ва рақс ва 3 ансамбли касбии вилоят фаъол мебошанд. Ҳамзамон, дар вилоят 940 ёдгории таърихӣ ба қайд гирифта шудааст.

Раҳмон Зокирзода: Муассисаҳои таъмирталаб зиёданд
Блоки рекламавӣ


