Вохӯрии маҷозии вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо вазири маорифи Русия Сергей Кравтсов доир шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо аз сатҳи феълӣ ва рӯ ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуданд.
“Муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар самти маориф ба сатҳи нави сифатӣ расида, ҳамкориҳои судманду созанда ҷараён доранд”, – гуфт вазири маорифи Тоҷикистон.
Раҳим Саидзода қайд кард, ки муносибат миёни Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф намунаи равшани ҳамкориҳои дӯстона, некхоҳона ва ҳасана мебошанд.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар ҷараёни вохӯрии маҷозӣ як қатор масъалаҳо, аз ҷумла, сохтмони Марказ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе, ки дар ҳамкорӣ бо тарафи Русия ба нақша гирифта шудааст, нашр ва дастраснамоии китобҳои дарсӣ аз фанни забони русӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки бо забони русӣ таълим медиҳанд, инчунин барои муассисаҳое, ки синфҳои русӣ доранд, Лоиҳаи омӯзгори забони русӣ дар хориҷ, ки дар доираи он мутахассисони соҳавӣ барои омӯзиши босифати забони русӣ ба Тоҷикистон ҷалб мегарданд баррасӣ шуд.Дар ин мавзӯъ дафтари матбуоти вазорати маорифи Тоҷикистон иттилоъ пахш кардааст.

Раҳим Саидзода ва Сергей Кравтсов аз чӣ гуфтанд?
Блоки рекламавӣ


