Ҳокимшоҳ Таваров, раҳбари пешини диаспораи тоҷикон дар Округи мухтори Ямало-Ненетс ба се соли зиндон маҳкум гардид.
Додгоҳи шаҳри Лабитнанги ҳукми Ҳокимшоҳ Таваровро, ки барои “тақаллуб” дар имтиҳонҳои муҳоҷирон муҷрим шинохта шудааст, ислоҳ намуд. Дар ин бора расонаҳои рус хабар додаанд.
Дар саҳифаи расмии ин додгоҳ омадааст, ки он моҳи июли соли равон ба Таваров ҳукми шартӣ дода буд, вале шикояти додситонӣ боиси дубора баррасӣ шудани парванда гардид.
Ба иттилои манбаъ, Таваров ба ҳайси раиси Ҷунбиши ҷамъиятии умумируссиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” ва раҳбари ғайрирасмии диаспораи тоҷикон дар ҳавзаи мухтори Ямало-Ненетс гӯё номзадҳоро барои имтиҳонсупории муҳоҷирон интихоб менамудааст.
Ӯ гӯё аз муҳоҷирон барои имтиҳони қалбакӣ барои дарёфти иҷозаи кор 8 ҳазору 500 рубл ва барои гирифтани иқомат 10 ҳазор рубл мегирифт.
Имтиҳонҳо ба таври сохта гузаронида мешуданд: ёрдамчии ӯ Марина Гернер сабтҳои видеоиро қалбакӣ карда, бо ангуштони худ ба муҳоҷирон ҷавобҳои дурустро нишон медод.
Аз моҳи январи соли 2022 то ноябри соли 2023 бо ин нақша дар ҳавзаи Мухтори Ямало-Ненетс қариб 200 шаҳрванди хориҷӣ аз имтиҳон гузаштанд. Ҳамаи ин афрод дар парванда ҳамчун шоҳид ширкат доштанд.
Додгоҳ Ҳокимшоҳ Таваровро тибқи банди “а”, қисми 2-и моддаи 322.1 Кодекси ҷиноии Руссия, яъне ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ гунаҳкор дониста, ӯро ба муҳлати се сол аз озодӣ дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ маҳкум карда, 400 ҳазор рубл ҷарима кард.
Шарики вай Марина Гернер низ ба ду соли зиндон маҳкум шуд. Ҳамчунин, ташкилкунандаи ин нақша, корманди Донишкадаи давлатии забони русии ба номи Пушкин Артур Яҳёев ба 4 соли зиндон маҳкум гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь