20-уми октябри соли 2025 дар сомонаи «Радиои Озодӣ» хабар таҳти унвони «Як гумонбар дар сӯиқасд ба ҷони зани русро аз Тоҷикистон ба Қазон бурданд» нашр шудааст, ки гӯё гумонбари ин ҳодиса Рифъат Султонов зодаи Тоҷикистон бошад.
Бояд тазаккур дод, ки дастгиршуда Султанов Рафис Рустемович (на Рифъат Султонов), соли таваллудаш 1995, шаҳрванди Федератсияи Руссия, сокини шаҳри Қазон буда, зодаи Тоҷикистон нест.
Номбурда баъди содир намудани ҷинояти суиқасд ба куштори шаҳрванд Шевирова И.В. ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намудааст, ки дар асоси дархости ҷониби Федератсияи Руссия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир ва ба Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Руссия супорида шуд.
«Радиои Озодӣ» ҳамчун сарчашмаи хабари мазкур хабаргузории “Реальное время”-ро нишон додааст, ки дар ин хабаргузорӣ зода ва шаҳрванди куҷо будани гумонбар дарҷ нагардида, баръакс қайд гардидааст, ки Султанов Рафис Рустемович ҳанӯз дар давлати бегона бо нишондоди аввал ба гуноҳи худ иқрор шудааст.
Бинобар ин, бори дигар аз намояндагони ВАО ва махсусан сомонаи «Радиои Озодӣ» хоҳиш карда мешавад, ки маълумотҳои носаҳеҳи насанҷидаи асоси воқеӣ надоштаро дар Васоити ахбори омма паҳн насохта, мардумро гумроҳ насозанд.
Дар ин бора Маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар додааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь