“Мақомоти Туркия мавзуи сулҳ дар Украинаро дар сатҳи баланд оғоз карданд, ҳарчанд ҳанӯз ҳалли мушаххасе нест. Туркия метавонад бо таҷрибаи миёнаравии худ ба “майдони мусоид” табдил ебад” – гуфтааст ба РИА Новости як манбаъ дар Анқара.
Оҷонсии Reuters бо истинод ба як манбае, ки номашро нагуфтааст, хабар медиҳад, ки макони эҳтимолии мулоқоти Президенти Русия Владимир Путин, Президенти Амрико Доналд Трамп ва сарвари Украина Владимир Зеленский метавонад Аврупо ё Ховари Миена бошад. Қаблан CBS бо истинод ба ду манбае, ки бо мавзӯи музокирот ошно буданд, хабар дода буд, ки ИМА дар охири ҳафтаи оянда барои ташкили мулоқот байни Путин, Трамп, Зеленский ҷой меҷӯяд: “Дар сатҳи олӣ, шахсан ҷаноби президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон саммити роҳбарони Руссия, ИМА ва Украинаро дар Туркия оғоз карданд. Ҳанӯз ягон ҳалли мушаххаси масъала нест, аммо пешниҳод дар амал аст, дирӯз дар ҷараёни гуфтушунидҳои ҷаноби президент бо Владимир Зеленский садо дод”, – изҳор дошт ҳамсӯҳбати оҷонсӣ.