Путин дар бораи мулоқоти худ бо Уиткофф шарҳ додааст, ки он “зарур” ва “бисёр муфид” буд, – суханони ӯро ТАСС аз мусоҳибаи “Имрӯзи Ҳиндустон” меорад.
Вай инчунин шарҳ додааст, ки чаро гуфтушунидҳо ин қадар тӯл кашиданд: ” Мо бояд аз ҳар як нуктаи музокироти сулҳро дида мебаромадем”.
Ба гуфтаи ӯ, ҷониби амрикоӣ 28 банди нақшаи шартномаи сулҳро ба “4 баста” тақсим карда, пешниҳод кардааст, ки онҳоро алоҳида муҳокима кунанд.
Ба ин ӯ илова кард, ки Русия бо “баъзе” нуктаҳои нақшаи шартномаи сулҳ розӣ нест.
Илова бар ин, Путин изҳор доштааст, ки Руссия” дар ҳар сурат қаламравҳои ишғолшударо бо роҳи низомӣ е дигар роҳ озод мекунад”.
Вай зикр кардааст, ки Руссия ба G8 барнамегардад.
Блоки рекламавӣ



