Президенти Руссия Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) суханронӣ кард. Вай изҳор дошт созишномаҳое, ки дар мулоқоти ӯ бо президенти ИМА Доналд Трамп дар Аляска ба даст омадаанд, роҳи сулҳро дар Украина боз мекунанд.
“Дарки воқеии дар мулоқоти ахири Руссия ва Амрико дар Аляска ба даст овардашуда, умедвор мекунад, ки ин самти пешигирифта идома дорад. Умедворам роҳи сулҳро дар Украина боз мекунад”, – гуфт Путин.
Вай мушаххас кард, ки дар бораи натиҷаҳои ҳамоиши дуҷониба ба раиси Чин Си Ҷинпин хабар додааст. Президенти Руссия ваъда дод, ки дар бораи созишномаҳои бадастомада, ба сарони давлатҳои СҲШ- ро огоҳ мекунад.
Владимир Путин ва Доналд Трамп рӯзи 15 август дар Пойгоҳи Низомии Элмендорф-Ричардсон Дар Аляска мулоқот карданд. Музокироти Аляска тақрибан се соат давом кард. Мавзӯи асосии мулоқот ҳалли низоъи Украина буд. Кремл сӯҳбати Путин ва Трампро “саривақтӣ ва созанда” номид, аммо ҷузъиёти онро ошкор накард.
“Комерсантъ”

Путин: Мулоқоти Аляска роҳи сулҳро дар Украина боз мекунад
Блоки рекламавӣ


