Президенти Русия Владимир Путин пеш аз сафар ба Аляска барои мулоқот бо президенти ИМА Доналд Трамп дар Магадан таваққуф кард. Зимни сафари корӣ ӯ аз корхонаи коркарди равғани моҳии «Омега-Си» дидан карда, аз маҷмааи варзишии президент ва маркази фарҳангиву иҷтимоӣ дар боғи «Маяк» дидан мекунад, дар ин бора ТАСС хабар додааст.
Владимир Путин ба пояи ёдгории қаҳрамонони роҳи ҳавоии Аляска- Сибир, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ амал карда, рамзи ҳамкории СССР ва ИМА гардид, гулдаста мегузорад. Дар поёни сафар раисиҷумҳур дар бораи нақшаи генералии Магадан ҷаласа баргузор карда, бо раиси вилоят Сергей Носов мулоқот хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки мавзӯи аслии мулоқоти қарибулвуқӯъи Владимир Путин ва президенти ИМА Доналд Трамп, ҳалли низоъ дар Украина ва ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодии ду кишвар хоҳад буд.