Доналд Трамп, президенти Амрико, ҳафтаи оянда бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот мекунад. Агар чунин шавад, ин мулоқоти аввалини рӯ ба рӯи сарварони Русияву Амрико дар соли 2025 хоҳад буд.
Бино ба гузоришҳо, Трамп рӯзи чаҳоршанбе ба раҳбарони кишварҳои аврупоӣ гуфтааст, ният дорад, ки бо Владимир Путин мулоқот намояд ва баъди он дидори сеҷонибае бо ширкати Владимир Зеленский, президенти Украина карданист:
“Мо имрӯз бо президент Путин гуфтугӯи хубе доштем. Имкони бисёр хубе ҳаст, ки равандро ба поён расонем ва ба поёни роҳ расем. Роҳи бисёр дароз буд, шояд ҳамчунон дароз боқӣ монад, вале имкони хубе ҳаст, ки ба зудӣ мулоқот кунем,” – гуфтааст Трамп.
Блоки рекламавӣ