“Президент Владимир Путин бо Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён сӯҳбати телефонӣ анҷом дод” – гуфтанд дар Кремл.
«Владимир Путин дар бораи натиҷаҳои асосии мулоқоти Руссия ва Амрико дар дар Анкориҷи Аляска хабар дод. Масъуд Пизишкиён аз талошҳои дипломатии ҳалли осоиштаи бӯҳрони Украина изҳори дастгирӣ кард”- гуфтанд дар хадамоти матбуотӣ. Президентҳо инчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба, вазъи барномаи ҳастаии Эрон ва рӯйдодҳоро дар минтақаи Қафқози Ҷанубӣ баррасӣ карданд. Ғайр аз ин, роҳбарони ду давлат дар бораи мулоқоти шахсӣ мувофиқа карданд.
“Владимир Путин Ва Масъуд Пизишкиён мавқеи худро барои афзоиши минбаъдаи ҳамкории Руссия ва Эрон дар соҳаҳои гуногун тасдиқ карданд ва гуфтанд дар саммити ояндаи САҲШ дар Чин мулоқот менамоянд”- қайд карданд дар Кремл.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь