Иёлоти Муттаҳида ва чанд кишвари арабиву исломӣ аз Шӯрои амнияти Созмони Милал хостаанд, қатъномаи пешниҳодии Амрико дар бораи сулҳи Ғаззаро қабул намояд. Дар ин қатънома бори аввал ба имкони ташкили кишвари Фаластин ишора шуд.
Амрико, Қатар, Миср, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Арабистони Саудӣ, Индонизия, Покистон, Урдун ва Туркия рӯзи ҷумъаи 14-уми ноябр ҳимояти муштараки худро аз қатъномаи пешниҳодии Амрико эълон намуданд.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳафтаи гузашта матни пешакии ин қатъномаро дар Шӯрои амният матраҳ кард. Ин санад идомаи оташбас дар Навори Ғаззаро бар асоси тарҳи пешниҳоди сулҳи Доналд Трамп пешбинӣ дорад. Бархилофи нусхаҳои қаблӣ, дар қатъномаи нав бори аввал ба имкони ташкили кишвари Фаластин ишора гардидааст.
Блоки рекламавӣ



