Дар шаҳри Душанбе ҳазору 312 падару модарро барои таълиму тарбияи нодурусти фарзандонашон ҷазо додаанд. Ин оморро давоми 10 моҳи соли ҷорӣ ба қайд гирифтаанд.
Пулиси Душанбе дар ин бора хабар дода навиштааст, ки онҳо бар асоси моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне иҷро накардани ӯҳдадории таълиму тарбияи кӯдак, ҷазо гирифтаанд.
Ин банди қонунгузорӣ аз 750 сомонӣ ҷарима то 10 рӯз ҳабс аст.
Пулиси пойтахт бо нашри ин омор, гуфтааст, ки дар аксари мавридҳо маҳз аз беназоратӣ ва бемасъулиятии падару модарон наврасон истифода бурда, даст ба кирдорҳои гуногуни ҳуқуқвайронкунанда ва ҳатто ҷиноятҳои вазнин мезананд.
Блоки рекламавӣ



