Пули нави иловагии мошингард дар болои Сирдарё сохта шуда, шаҳраки 12-ум ва маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷандро мепайвандад.
Зимни муаррифии лоиҳаи бунёди пул гуфта шуд, ки бо назардошти сол ба сол зиёд гардидани нақлиёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ зарурати сохтмони пули нав пайдо гардид.
Лоиҳаи пули мазкур аз ҷониби ҶДММ «Роҳи Ваҳдат» таҳия гардида, дарозии умумии он 310 метр ва паҳноияш 26 метрро ташкил медиҳад. Дар ду канори пул барои пиёдагардон роҳравҳои махсус пешбинӣ гардида, тамоми талабот ва меъёрҳои сохтмониву меъморӣ пурра риоя карда мешаванд. Бо ин мақсад бунёди 11 сутунпоя дар назар дошта шуда, ҳамзамон аз ду тарафи пул сохтмони роҳҳои ҳалқавӣ барои пайвастан ба он ба нақша гирифта шудааст.
Татбиқи ин лоиҳа ба коҳиш ёфтани танбашавии роҳҳо дар маркази шаҳри Хуҷанд ва сабук гардидани ҳаракат дар пули кӯҳна мусоидат хоҳад кард.
Дар доираи васеъкунии роҳҳои дохили шаҳри Хуҷанд ҳамзамон пули кӯҳнаи шаҳр низ мавриди таҷдид қарор мегирад. Тибқи нақша, паҳноии пули кӯҳна то 16 метр васеъ гардида, роҳи мошингард фарохтар карда мешавад. Барои ин, васеъсозии роҳи мошингард аз назди муҷассамаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд то истгоҳи универмаг ба масофаи 818 метр дар назар аст.

Пули нав дар болои Сирдарё
Блоки рекламавӣ


