Прокурори генералии Тоҷикистон задухӯрд миёни маҳкумшудагон ва кормандони Боздоштгоҳ ё СИЗО-и шаҳри Хуҷандро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ки дар ин ҳодиса се маҳкумшуда кушта ва кормандони боздоштгоҳ захмӣ шудаанд.
Ҳабибулло Воҳизода, Прокурори генералии Тоҷикистон рӯзи 13 феврал зимни нишасти хабарӣ дар шарҳи ҳодиса гуфт, З нафар маҳкумшудагон бо иттиҳоми экстремизм ва терроризм, ки аз 12 сол боло ҳукм гирифта буданд, барои ба зиндон интиқол додан дар тавқифгоҳ қарор доштанд.
Ба гуфтаи Воҳидзода, онҳо ба кормандони боздоштгоҳ ҳуҷум карда, ҳатто як маҳкумшударо низ лату кӯб карданд ва баъди ба амри кормандони муассиса итоат накардан, “безарар” гардонида шуданд.
Блоки рекламавӣ



