21 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои прокуратураҳои генералии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсози прокуророни генералӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки баргузории ҷаласаи навбатии Шуро дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар арафаи 30-солагии таъсиси он аҳамияти хоса дорад.
Бо ишора ба нақши муҳими прокуратураҳо дар таҳкими қонуният ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ гуфта шуд, ки дар давоми се даҳсола кишварҳои Иттиҳод низоми боэътимоди ҳамкориро барои таъмини қонуният ва мубориза бо ҷинояткорӣ бунёд кардаанд.
Сарвари давлат аз натиҷаҳои мусбати ҷаласаи сарони давлатҳои ИДМ ва Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ — Русия”, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Прокурорҳои генералии ИДМ дар Душанбе
Блоки рекламавӣ


