Наздикони Маҳмад Бозорови 17-сола иддао карда буданд, ки рӯзи 6-уми сентябр ӯро Фарҳод Назаров, омӯзгори забони англисии мактаби рақами 4-и ин шаҳр латтукӯб кардааст ва ӯ 15 рӯз дар бемористон бистарӣ буд.
Идораи маорифи ин шаҳр ҳодисаро тасдиқ кардааст, вале осеб дидани хонандаро рад кардааст.
Рафтори омӯзгор тибқи моддаи 174-и Кодекси ҷиноятӣ (Иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ) тафтиш мешавад. Ин модда аз 15 ҳазор сомонӣ ҷарима то ду соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Идораи маорифи шаҳри Левакант бошад, рӯзи 1-уми октябр дар саҳифаи Фейсбук навиштааст, ки “омӯзгор асабонӣ гардида, ба рӯйи хонанда як шаппотӣ задааст”, вале хонанда осеб надида, “пурра сиҳату саломат аст.”
Назари омӯзгор ба ин ҳодиса ҳанӯз маълум нест.
Наздикони ин хонавода гуфта буданд, ки писарашон бо осеби косахонаи сар 15 рӯз дар беморхона табобат гирифт.
Ба гуфтаи волидон, ташхиси аввалия осеби майнаи сарро нишон дода буд, аммо мақомоти маориф бар асоси ташхиси дигар эълом доштанд, ки хонанда “ягон осеби ҷиддӣ надорад” ва тамоми хароҷоти табобатро омӯзгор пардохт кардааст.
Дар як навори видеоии рӯзи 25-уми сентябр дастрасшуда дида мешавад, ки Маҳмад беҳуш аст ва муаллимону сокинони атроф талош доранд ӯро ба ҳуш оранд. Дар санадҳои ташхиси тиббии беморхона навишта шудааст, ки хонанда латтукӯб шуда, бар асари зарба дар пушти гарданаш майнаи сараш осеб дидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь