Прокуратураи ФР талаб дорад, ки раиси Шӯрои судяҳо Виктор Момотов моликияти ғайриқонунӣ ҷамъкардаашро ба буҷа баргардонад.
Прокуратураи ФР мегӯяд, ки Виктор Мамонтов қариб 100 иншооти ғайриманқули бақайдгирифташуда ба номи шахси сеюм дорад. Арзиши умумии ҳамаи дороиҳо на камтар аз 9 миллиард рубл аст. Раиси Шӯрои судяҳоро гунаҳгор меҳисобанд, ки қонунгузории зиддикоррупсиониро вайрон карда, фаъолияти соҳибкорӣ бурдааст.
Дар даъвое, ки дар ихтиёри расонаи “КомерсантЪ” мавҷуд аст, гуфта мешавад, ки Виктор Момотов бо соҳиби шабакаи меҳмонхонаҳои Marton Андрей Марченко, ки Прокуратура ӯро “намояндаи ҷинояткорони Краснодар” меномад, муттаҳид шуд. Марченко бо тиҷорати меҳмонхона машғул буд.
Тибқи фарзияи Прокуратураи Генералии Федератсияи Руссия Момотов бо ташкилкунандагони гурӯҳи ҷиноятии “Покровские” Андрей Коровайко ва Олег Чебанов ҳамкорӣ дошт. Барои анҷом додани хидмати онҳо, Момотов ва Марченко дар соли 2010 дар вилояти Ростов қитъаи замин гирифтанд. Дар ин қитъаи замин меҳмонхонаи даҳошёнаи “Marton Седова”сохта шудааст. Виктор Момотов ва Андрей Марченко, тавре ки дар даъво қайд карда мешавад, аз пардохти андозҳо саркашӣ карданд, гирифтани қарз бошад, беш аз 500 миллион рубл арзебӣ мешавад, ки ” онҳо пардохт намекунанд”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь