Дар доираи чорабиниҳои Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, маросими тантанавии супоридани Ордени Туркманистон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиеёв “барои саҳмгузорӣ дар рушди ҳамкорӣ”баргузор гардид.

Сарвари Ӯзбекистон ба пешвои миллии халқи туркман Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ва мардуми бародари туркман барои мукофоти баланди давлатӣ изҳори сипос намуд:

– Ман ин ҷоизаро ҳамчун нишонаи таваҷҷуҳ ва эҳтироми хоса нисбат ба Ӯзбекистон ва мардуми бисёрмиллати он, эътирофи талошҳои муштараки мо барои таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, эътимоди тарафайн ва шарикӣ дар минтақаи Осиеи Марказӣ эътироф менамоям, – таъкид дошт Мирзиёев.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь