Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиеёев директори Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Одри Азулеро бо ордени “Дустлик” (“Дӯстӣ”) мукофотонид. Маросими супоридани ҷоизаи олии давлатӣ дар Самарқанд баргузор шуд.
Тавре Хадамоти матбуотии роҳбари ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Азуле барои хизматҳои бузург дар рушди робитаҳо дар соҳаи илм, маориф ва фарҳанг, инчунин саҳми шахсӣ дар паҳн кардани мероси бойи фарҳангии халқи ӯзбек ин ҷоизаро гирифт.
Мулоқоти Мирзиёев ва Азуле дар остонаи сессияи 43-уми конфронси Генералии ЮНЕСКО, ки дар Самарқанд оғоз меёбад, баргузор шуд. Таъкид мешавад, ки ин чорабинӣ бори аввал дар 40 соли охир берун аз қароргоҳи Созмон дар Париж баргузор мегардад.
Блоки рекламавӣ



