Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев фармони афви 523 маҳбусеро, ки аз кирдори худ самимона пушаймон шуда, ба роҳи ислоҳ қадам гузоштаанд, имзо кард. Ин санад дар арафаи таҷлили 34-солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ нашр шуда, хадамоти матбуоти сарвари давлат дар ин бора хабар додааст.
195 нафар пурра аз адои ҷазои асосӣ озод карда шудаанд, 147 нафар маҳкумшудагон шартан пеш аз мӯҳлат озод гардидаанд, ҷазо нисбати 87 нафар таъиншуда ба ҷазои сабуктар иваз гардид. Барои 94 маҳбус мӯҳлати маҳрум сохтан аз озодӣ кӯтоҳ карда шуд. Дар байни афвшудагон 8 шаҳрванди хориҷӣ, 45 зан, 31 марди аз 60 сола боло, 220 шаҳрванди то 30-сола, аз ҷумла як ноболиғ, 15 нафар шахсоне, ки дар фаъолияти ташкилотҳои манъшуда иштирок кардаанд, ҳастанд.
Дар фармони Президент қайд карда мешавад, ки ба вазорату идораҳои масъул супориш дода шудааст, ки шаҳрвандони афвшударо ба оила ва наздиконашон баргардонанд. Инчунин, мансабдорон ба ин одамон дар мутобиқсозии иҷтимоӣ, ҷалби кори муфид, интихоби тарзи ҳаёти солим ва ишғоли ҷои муносиб дар ҷомеа мусоидат бояд намоянд.
Қарори қаблии Мирзиёев ба ҷашни Рамазон, ки 30 март ҷашн гирифта мешавад, рост омад. Он вақт сарвари давлат 488 маҳкумшударо афв карда буд.
дар Ӯзбекистон фармонҳо дар бораи афв одатан се маротиба дар як сол бароварда мешаванд: дар арафаи Рамазон, рӯзи истиқлолияти кишвар, ки 1 сентябр аст ва Рӯзи Сарқонун (8 декабр). Дар соли 2024 шумораи умумии афвшудагон дар кишвар 1431 нафарро ташкил додааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь