Якуми сентябр дар шаҳри Тянҷин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ (БОСИ) Ҷин Литсюн мулоқот карданд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бонкро дар рушди инфрасохтори устувор ва таҳкими ҳампайвандии кишварҳои минтақа намоён номиданд.
Таъкид гардид, ки Бонк дар татбиқи чор лоиҳаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 430 миллион доллар иштирок дорад, аз ҷумла дар сохтмони неругоҳи Роғун ва пули бузурги мошингарди дарозиаш 920 метр дар ноҳияи Нуробод. Дар ин зимн бонк тасмим гирифтааст, ки маблағгузории худро ба неругоҳи Роғун ба 500 миллион доллари амрикоӣ расонад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь