Бердимуҳаммадов барои иштирок дар Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Руссия» ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф омад.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки 9 октябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки президентҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Русия Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Русия» доир мешавад.
Инчунин 10 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Блоки рекламавӣ



