Моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда шуда, истиқлолияти энергетии мамлакат пурра таъмин мегардад. Дар ин хусус имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» изҳор намуданд.
Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар даҳ соли охир соҳаи энергетикаи мамлакат ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа иқтидори истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфт. Танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидори истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловат-соати соли 2015 дар соли 2025 ба 24,2 миллиард-киловатт соат расонида шуд.
«Мо имрӯз мушкилоти мардуми шарифи Тоҷикистонро дар шароити муваққатии интиқоли неруи барқ ба хубӣ медонем. Ин ҳолат аз як тараф натиҷаи афзоиши аҳолӣ, зиёдшавии корхонаҳои саноатӣ ва дар маҷмуъ афзудани истеъмоли неруи барқ бошад, аз тарафи дигар таъсири камбориш омадани тирамоҳи соли равон ва кам гардидани воридшавии об ба обанборҳои неругоҳҳои барқи обии мамлакат мебошад», – шарҳ доданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь