Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокорию ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд. Чунин иброз доштаанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ бахшида ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, авҷгирии зуҳуроти терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозанд, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии мамлакат тадбирҳои иловагӣ андешем.
«Дар замони пешрафти бесобиқаи илму техника ва технологияҳо танҳо кадрҳое метавонанд амнияти давлат ва суботи ҷомеаро таъмин намоянд, ки дорои донишҳои муосири ҳарбӣ ва сатҳи баланди касбият буда, технологияҳои навтаринро азхуд кардаанд», – тазаккур доданд Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми шодбошӣ.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуданд, ки мунтазам баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ, ҳисси миллӣ, садоқат ба савганди ҳарбӣ ва риояи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ вазифаи ҳаррӯзаи тамоми хизматчиёни ҳарбӣ – аз ҳайати фармондеҳӣ то сарбози қаторӣ мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь