“Бисёрзанӣ шаъну шарафи занон ва духтаронро паст мезанад, ҳуқуқҳои онҳоро ба баробарӣ, амният ва некӯаҳволӣ поймол мекунад ва нобаробарии гендериро афзоиш медиҳад. Ин боис ба маҳрумиятҳои моддӣ, баҳсҳои амволӣ ва вайрон шудани суботи муносибатҳои оилавӣ мегардад” – изҳор кардааст Президенти Қирғизистон Садир Ҷапаров.
Вай ба Жогорка Кенеш (парлумон) эътироз ба лоиҳаи қонунеро фиристод, ки бекор кардани моддаи 176 Кодекси ҷиноиро пешбинӣ мекунад. Ин модда барои бисерзанӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар менамояд. Матни эътирозро нашрияи Akipress нашр кардааст.
Блоки рекламавӣ